Пас аз як силисила баррасиҳои созанда бо аъзои ассосиатсия, Лига ва дастаҳо Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҷиҳати баргузории мусобиқаҳо барои мунтахабҳои миллӣ, дастаҳо ва мусобиқаҳои футзал дар соли 2020 тақвим тартиб дод.

Мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар Минтақаи Марказӣ бо иштироки ду даста аз Тоҷикистон - Истиқлол” ва “Хуҷанд, инчунин “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) аз 20 октябр то 4 ноябр ба таври мутамарказ (дар як шаҳр ё давлат) доир мегардад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои қабули даври гурӯҳии мусобиқа дар Минтақаи Марказӣ дар Душанбе дархост пешниҳод намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Ғолиби гурӯҳ дар мусобиқаи нимфиналии минтақавӣ, ки рӯзҳои 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии ин мусобиқа 2 декабр баргузор мешавад. Бозии финалии Ҷоми КФО-2020 рӯзи 12 декабр дар назар аст.

Ҷоми КФО-2020. Минтақаи Марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11 март (чоршанбе)

«Истиқлол» » (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0

20 октябр (сешанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

23 октябр (ҷумъа)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) -«Истиқлол» » (Тоҷикистон) –

 Даври 3-юм

26 октябр (душанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Истиқлол» » (Тоҷикистон) –– «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

29 октябр (панҷшанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон) –«Истиқлол» » (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

1 ноябр (якшанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

 «Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

4 ноябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон)  – «Хуҷанд» (Тоҷикистон).

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин ба охир расонидани мусобиқаҳои мунтахабҳои миллии наврасон ва мусобиқаҳо оид ба футзалро дар соли 2020 бо ҷадвали нав ба нақша гирифтааст:

Чемпионати Осиё оид ба футбол байни ҷавонон (U-19) дар Ӯзбекистон – аз 14 то 31 октябри соли 2020;

Чемпионати Осиё оид ба футзал дар Туркманистон – аз 4 то 15 ноябри соли 2020;

Чемпионати Осиё (U-16) дар Баҳрайн – аз 25 ноябр то 12 декабри соли 2020;

Чемпионати КФО оид ба футзал байни дастаҳо дар АМА – аз 2 то 13 декабри соли 2020.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.