Дар Тоҷикистон портали нави варзишии Sports.tj ба кор даромад, ки дар он доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷикистонӣ маълумот гирдоварӣ шуда, инчунин ҳамарӯза дар бораи рӯйдодҳои варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълумот пешниҳод мегардад.

“Ин лоиҳаи навест, ки дар он шавқу завқи аксарияти дӯстдорони варзиш, мухлисон, ҳаводорони тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст. Ғайр аз ин, шахсоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба сар мебаранду ба варзиш дар Тоҷикистон, дастовардҳои варзишгарони мо, рӯйдодҳои варзишӣ дар кишвар таваҷҷуҳ доранд, аз ин сомона маълумоти барояшон заруриро дарёфт карда метавонанд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муҳаррири Sports.tj Нигина Бадалова.

Ба гуфтаи ӯ, муассисон ва журналистони торнамо зимни фаъолият дар нашрияи варзишии “Варзиш-Спорт” таҷриба кофӣ андӯхтаанд.

“Мо аз соли 2001 бо хабарҳои варзишӣ машғулем. Имрӯз дар сомонаи мо дар бораи ҳамватанонамон, ки фаъолияти худро дар хориҷи кишвар идома медиҳанд, маводи шавқовар ҷойгир карда шудааст. Зимни шиносоӣ бо маводи сомона дар бораи варзишгарони маъруфи Тоҷикистон дӯстдорони варзиш бисёр маълумоти ҷолибу муфидро барои худ пайдо карда метавонанд”, - гуфт муҳаррири портал.

Зимнан зикр шуд, ки дар бораи навъҳои варзиши писандида, аз қабили футболу размороии тан ба тан ва ғайра дар сомона ҳамарӯза ва сариввақт маълумот нашр хоҳад шуд.

“Умедворем, ки портали нави мо ба дӯстдорони варзиш маъқул шуда, яке аз писандида ва пурхонандатаринҳо мешавад”, - илова кард Нигина Бадалова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.