Ширкати паҳлавонони риштаи самбои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки имсол рӯзҳои 5-8-уми ноябр дар Нови Сади кишвари Сербистон баргузор мешавад, ҳанӯз норӯшан аст. Бархе аз паҳлавононе, ки бояд ба ин мусобиқа бираванд,  ба “Азия-Плюс” нигаронӣ карданд, ки барои рафтани онҳо талошҳои ҷиддие сурат намегирад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири Федератсияи самбои Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло онҳо барои ширкати 5 паҳлавон ба сафорати Сербистон дар Маскав барои дарёфти раводид мактуб навиштаанд. “Мунтазири посухи сафорати Сербистонем. Аммо раводид як мушкил аст, мушкили асосӣ ин аст, ки агар раводидро ҳам бигиранд чӣ гуна, бо кадом роҳ мераванд. Бар пайи ҳамагирии коронавирус сарҳадҳо бастаанд. Дидед, ки барои иштироки паҳлавонони риштаи ҷудо дар Гранд Слами Будапешт чӣ мушкилиҳо пеш омад”,-гуфт Маҳмуди Абдуллоҳ.

Вале як манбаъ аз Маскав, ки масъалаи дарёфти раводиди самбокорони тоҷикро бо сафорати Сербистон ҳамоҳанг мекунад, мегӯяд, ки консулии сафорати Сербистон нигаронӣ кардааст, ки ҳарчанд онҳо борҳо ба Кумитаи ҷавонону варзиши Тоҷикистон гуфтаанд, ки мактуб барои дарёфти раводидро 15 рӯз пештар бифристанд, вале ин бор ҳам мактубро дер фиристодаанд.

Наздикони яке аз паҳлавонон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар сурати дарёфти раводид ҳам масъали рафтани паҳлавонон мушкили молӣ низ дорад, зеро ҳар паҳлавон бояд худаш пул пайдо кунаду ба ин сабқат биравад.

Аммо Маҳмуди Абдуллоҳ мегӯяд, ки онҳо то кунун масъалаи молиявии ширкати паҳлавононро ҳал накардаанд. “Агар визаро дарёфт кунунд, ин масъаларо бад мебинем. Зеро ин масъаларо Федератсия муштаракан бо Кумитаи ҷавонону варзиш ҳал мекунанд. Ҳоло чизе мушаххас нест”.

Дар назар аст имсол аз Тоҷикистон дар сабқати Қаҳрамонии самбои ҷаҳон панҷ паҳлавон: Акмалиддин Каримов вазни -57, Хушқадам Хусравов вазни -62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни -90 миёни бузургсолон ва Шердил Мусоев дар вазни -74-и ҷавонону Самеъҷон Абдушукуров вазни -87-и наврасон ширкат кунанд.

Аз ин миён танҳо Комроншоҳ Устопириё раводиди шенген доштааст, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон мактуб ирсол кардааст  то масъалаи аз тариқи Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белград рафтани  Комроншоҳ Устопириён ва дигар паҳлавононеро, ки раводид дарёфт мекунанд, бо ҷониби Ӯзбекистон дар миён гузорад.

Хушқадам Хусравов Қаҳрамони самбои ҷаҳон дар соли 2018 ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мунтазири посух аз сафорати Сербистон аст.

“Агар раводид дарёфт кунам шояд тариқи Тошканд, албатта агар иҷоза шавад, битавонам ба мусобиқа бирасам. Шояд Вазорати мудофиа масъалаи молии ширкати маро дар ин сабқат ҳал кунад”.

Имсол бар асари ҳамагирии вируси куруно, тамоми мусобиқаҳои Қаҳрамонии самбои ҷаҳон: байни наврасон, ҷавонон, занон, бузургсолон ва самбои размӣ дар Нови Сади Сербистон мегузарад.

Гуфта мешавад, ҳоло бар асари коронавирус  ҳанӯз мушаххас нест, ки паҳлавонони кадом кишварҳо ширкат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.