Акмаллидин Каримов паҳлавони самбокори варзидаи тоҷик имрӯз дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон мақоми дувум ва медали тиллоро ба даст овард.
Акмалиддин Каримов бори чорум аст, ки дар сабқатҳои ниҳоии қаҳрамонии самбои ҷаҳон қувваозмоӣ мекард ва имсол ҳам муваффақ ба касби медали нуқра шуд. Паҳлавони тоҷик то расидан ба марҳилаи ниҳоӣ паҳлавонони Фаронса, Узбекистон ва Укроинро шикаст дод, аммо дар сабқати ниҳоӣ аз паҳлавони Русия шикаст хӯрд.
Ҳамчунин имрӯз, Самиъҷон Абдушукуров низ дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо миёни ҷавонон медали биринҷӣ ба даст овард. Дирӯз паҳлавони хушноми дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг дар ин мусобиқа мақоми сеюмро соҳиб шуд. Ин севумин медали Комроншоҳ аз ин гуна сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон буд.
Имсол ба далели ҳамагирии вируси курунои COVID-19 ҳамаи мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир мешавад.
Фардо дар рӯзи охирини ин сабқатҳо паҳлавони дигари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 62 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста