Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) як зина беҳтар намуд.

Дар раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон бо касби 143 хол, ки нисбат моҳи гузашта 5 хол зиёдтар аст, зинаи 121-умро ишғол мекунад.

Миёни кишварҳои Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1502 хол тими Ҷопон (зинаи 27-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1496 имтиёз дастаи Эрон (29-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1465 хол (38-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, Осиё - ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 85-ум ҷойгир шудааст.

Раддабандии мунтахабҳои футболи занона низ ба нашр расида, Тоҷикистон дар он зинаи 132-юм дар ҷаҳон ва 30-юмро байни кишварҳои Осиё ишғол кардааст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.