Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари бартари Тоҷикистон дар соли 2020-ро аз рӯйи фарзияи худи Анҷуман эълон кард. Ин рӯйхатро бар асоси назарпурсие миёни хабарнигорони варзишии расонаҳои Тоҷикистон анҷом додаанд, таҳия кардаанд. 

Бар асоси фарзияи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дар садри рӯйхат Баҳодур Усмонов (бокс) қарор дорад, ки дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2021 мебошад.. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуда буд.

Мақоми дувум ҳам ба намояндаи дигари варзиши бокс Шаббос Неъматуллоев марбут аст, ки ин варзишгар ҳам дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг роҳхати Олимпиадаи Токиоро ба даст оварда буд. 

Дар мақомҳои сеюму чорум ва панҷум паҳлавонони маъруфе чун Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Комороншоҳ Устопириён  қарор доранд, ки ин ҳар се дар қаҳрамонии самбои ҷаҳони имсол дар Сербистон медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварда буданд. 

Ҳикматулло Воҳидов  ва Муҳаммад Икромов барандагони медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар риштаи кӯштии озод дар вазни 57  ва 61 кг дар Ҳиндустон зинаҳои шашу ҳафт ва Искандари Рустам барандаи медали бириниҷии ин мусобиқот ва Мубинҷон Аҳмадов барандаи медали биринҷии ҳамин сабқатҳо дар риштаи кӯштии юнониву румӣ мақомҳои 8 ва 9-ро ишқол кардаанд. 

Мақоми охирин дар рӯйхатнро ягона варзишгарбону Муниса Ойматова дар риштаи таэквон-до WT касб кардааст, ки дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб мебошад.

"Ба далели пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Инчунин бисёр мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бекор ва ё ба соли 2021 гузаронида шуданд. Аз ин рӯ, варзишгарони тоҷик натавонистанд имсол дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ ҳузури бештар дошта бошанд", - гуфтааст раиси Анҷуман Нарзулло Латифов дар шарҳи ин радабандӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.