Футболбози “Ювентус” ва тими мунтахаби Португалия Криштиану Роналду шахси аввали Instagram дониста шуда, дар аккаунти ӯ зиёда аз 250 млн нафар корбарон обуна шудаанд, менависад Медуза.

Аз рӯйи шумори обуначиён аккаунти Роналду танҳо аз саҳифаи расмии Instagram дар шабакаи иҷтимоӣ, ки ба он беш аз 382 млн нафар обунаанд, камтар корбарон дорад.

Пас аз Роналду сароянда Ариана Гранде ҷойгир шудааст, ки ба аккаунти ӯ 214 млн нафар корбарон обуна шудаанд.

Яке аз маводи гузошта (пост)-и Роналду дар Instagram дар соли 2020 аз ҳама бештар аз ҷониби корбарон писандида шуд ё худ лайк гирифт. Ин ҷо сари маводи чопшуда дар робита ба марги футболбоз Диего Марадона сухан меравад. Ин сабт аз 25 ноябр зиёда аз 19,7 млн лайк гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.