Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав, ки рӯзҳои 24-27-ми моҳи март баргузор мешавад, ширкати 11 самбокори тоҷик дар назар аст. Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. 

Ин мусобиқа, ки ба хотираи асосгузори кӯштии самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад, яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда,  қаҳрамонии ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад. 

Тоҷикистонро дар ин Ҷоми Ҷаҳон Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Србон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд. 

Соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо ба далели ҳамагирии вируси куруно дар охири сол, поёни декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. 

Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ - дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.


Мусобиқаи "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Аз соли 2015 ба ин сӯ ин мусобиқа, расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мешавад.

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо - Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) медалҳои тиллоии ин сабқати пурнуфузи самбои ҷаҳониро ба даст овардаанд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.