Дар рӯзи аввали сабқати ҷудои Тоскулоҳи бузурги Тошканд ё «Tashkent Grand Slam» ҷудокори 20-солаи тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дурахшиши хуб нишон дода, то даври ниманиҳоӣ рафт. Ӯ баъди шикаст дар даври ниманиҳоӣ аз Каромат Ҳусейнов, дар шонси муҷаддад муваффақ шуд.

Шаҳбоз Саидаброров дар даври шонси муҷаддад Ҷуба Попинашвилии гурҷиро, ки Қаҳрамонои ҷудои ҷавонони ҷаҳон аст шикаст дод ва акнун барои медали бириниҷии ин сабқати бонуфуз мубориза мебарад. 

Дар ин сабқат паҳлавонони тоҷик: -60 kg Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров, -63kg Шоҳида Қаландарова (миёни занон), -66 kg  Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Суфиев, -73kg Сомон Маҳмадбеков, -81kg Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров, -90kg Амирҷони Насимҷон, Комроншоҳ Устопириён, -100kg  Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон ва +100kg Темур Раҳимов Шакармамад Мирмамадов ширкат мекунанд.

Паҳлавонони вазни 60 ва 66 кг имрӯз ҳунарнамоӣ карданд, ки даври ниҳоӣ бегоҳи имрӯз сурат мегирад. 

Гуфта мешавад, дар ин сабқат 541 варзишгар аз 75 давлати дунё ширкат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.