Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имрӯзҳо дар Анталияи Туркия машқҳои дастаҷамъиву ҷисмониву машғулиятҳои назариявии худро барои омодагӣ ба мавсими нав мегузаронад, бозии дуюми санҷишӣ баргузор кард.

Пас аз натиҷаи мусовӣ бо тими “Тараз”-и Қазоқистон футболбозони тоҷик дастаи “Николаев”-и Укроинро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Голи ягонаро дар дақиқаи 55-ум ба дарвозаи ҳарифон Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид, хабар медиҳад дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол”.

Бозии сеюми қаҳрамони Тоҷикистон дар Анталия (Белек) 10 март бо  дастаи “Оқжетпес”-и Қазоқистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, боз як вохӯрии санҷишии футболбозони тоҷик рӯзи 12 март бо тими “Житомир”-и Украина ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.