Бархе аз паҳлавонон, ки барои мусобиқоти расмии мавсими нави кӯштии миллӣ дар Душанбе омодагӣ мегиранд, аз фурӯши иҷбории либоси ягонаи варзишӣ аз сӯйи Федератсияи миллии “гӯштингирӣ” шикоят мекунанд. Чанде аз ин паҳлавонон бо шарти набурдани номашон ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки Федратсияи кӯштии миллӣ ҳар паҳлавонеро, ки мехоҳад дар мусобиқот ширкат кунанд, маҷбур кардааст, ки ин либосро бихаранд.
Либоси ягонаи варзишии навъи кӯштии миллӣ дар Тоҷикистон бори аввал таҳия шудааст ва акнун тибқи муқаррароти ниҳодҳои варзишии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2021 ҳамаи сабқатҳо дар кишвар бояд бо ин либос баргузор шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳамсола дар рӯзҳои Наврӯз мавсими нави сабқатҳои расмиву ғайрирасмии кӯштии миллӣ оғоз мешаванд.
Паҳлавонон мегӯянд, ки нархи як либос 300 сомонӣ буда, ҳар варзишгар бояд онро бихарад ва ин либосҳо рақамгузорӣ шудаанд, аммо на ҳама тавони харидани онро доранд.
Аммо Абдулло Саидхоҷаев котиби генералии Федратсияи миллии “гӯштингирӣ” мегӯяд, ки кӯштии миллӣ бо вуҷуди таърихи куҳан то кунун либоси ягонаи варзишӣ надошт ва ин либосро бояд ҳамагон эътироф ва харидорӣ кунанд.
“Ин либосро мо бояд ҳамаамон этироф ва харидорӣ кунем, зеро ин либос муаррифи давлат дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Либоси кӯштии миллӣ дар се сатҳ таҳия шудааст: сифти хубтарин, ки нархаш 300 сомонист, сифати дуюмдараҷа ки, тахминан 250 сомонӣ арзиш дорад ва дараҷаи дигар, ки 200 сомонӣ фурӯхта мешавад”.
Саидхоҷаев таъйид, кард, ки дигар паҳлавонон бидуни либоси тасдиқкардаи ин ниҳод ба сабқатҳои паҳлавонӣ роҳ дода намешаванд.
Ин масъули Федератсия мегӯяд, ки ба ҳама масъулони дастаҳое, ки паҳлавононашонро барои ширкат дар мусобиқот пешбарӣ мекунанд, қоидаҳои нав фаҳмонда шудааст ва дар сурати нахаридани либоси ягонаи варзишӣ, даста ба мусобиқа роҳ дода намешавад.
Зоҳиран паҳлавонони тоҷикро ин нукта нигарон кардааст, ки Федератсияи миллии “гӯштингирӣ” ҳама паҳлавононро яксара маҷбур кардааст, ки дар мавсими нави кӯштии миллӣ либоси ягонаи варзиширо бихаранд.
Аммо Абдулло Саидхоҷаев мегӯяд, ки агар 50 дар сади дастаҳо ҳам либоси варзиширо бихаранд, ба мусобиқаҳо раҳ дода мешаванд.
“Агар дастае 10 нафар пешниҳод мекунаду 5 нафараш либос харидааст ба сабқат роҳ дода мешавад. 5 нафари дигар метавонанд либосҳои ҳамдастаҳои худро бипӯшанду ба майдон бароянд”.
Федератсияи миллии “гӯштингирӣ” дар охири моҳи феврал либоси ягонаи варзишии ин навъи паҳлавониро дар Тоҷикистон рӯнамоӣ кард.
Ба гуфтаи Саидхоҷаев, ин ниҳод муштаракан бо тароҳҳону таърихшиносону фарҳангшиносони машҳури кишвар тарҳи ҷадиди либосҳои варзишӣ барои мусобиқаҳои кӯштии миллиро таҳия ва пешниҳод кард, ки дар он таърихи ниёгони мо, рамзҳои давлатӣ, рангҳои махсуси сафед, сабз ва сурх ва нишонаҳои дигар, ки таҷассумгари соҳибдавлат будани моро нишон медиҳад, нақшу нигорӣ шудааст.
Тибқи қоидаҳои нави ин ниҳод, минбаъд ҷуфти варзишгарон яке бо либоси сафед ва дигаре бо либоси рангаш сабз дар майдонрақобат намоянд. Варзишгарон бояд миёнбандҳои сурхро ба тан кунанд. Кимоно новобаста аз рангаш дорои шерози сурх бошад.
“Ҳарду варзишгар шими сафедро ба тан мекунанд. Ҷонибҳои чап ва рости пеши либос бо парчами миллӣ ва рамзи асосиии Федератсияи миллии гӯштингирӣ орро дода шудаанд. Дар пӯшти варзишгар бо харфҳои англисӣ TAJIK ҳамчун рамзи Тоҷикистон навишта шудаасту акси тоҷ ва 7 ахтар дар поёни он ҷой дода шудааст. Дар миёнбанд ва шим низ рамзи Федератсия дарҷ шудааст”,- омадааст дар шарҳе, ки федератсия ба либоси ягонаи ин навъи варзиш додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста