Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021, дар гурӯҳи “А” бо иштироки қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе, дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, “Истиқлол” дар як гурӯҳ бо дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА), инчунин ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) бозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. Дар бозии нахустини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи пурнуфузарини бошгоҳии осиёӣ “Истиқлол” рӯзи 15-уми апрел бо дастаи футболи «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё, дар минтақаи Ғарб ба шакли мутамарказ аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май баргузор хоҳад шуд.

Тибқи Тартиби баргузорӣ, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.