Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар риштаи самбо барои бори дувум барандаи медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии самбо ё "Ёдбуди Анатолий Харлампиев"-2021 дар шаҳри Маскав шуд. Ин сабқати бонуфузи самбо дирӯз оғоз шуд ва то рӯзи 27-уми март давом мекунад.

Хушқадам Хусравов, ки севуми Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо аз Тоҷикистон аст, дар рӯзи аввали сабқат дар вазни -64 кн ин медалро ба даст овард. Ӯ дар даври ниҳоӣ ба варзишгари кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминовро шикаст дод ва ба медали тилло даст ёфт. То даври ниҳоӣ Хушқадам Хусравов се ҳарифи дигарашро шикаст дод.

Ба ҷуз Хушқадам Хусравов дар ин сабқат самбокорони маъруфу чун Акмалиддин Каримов (58 кг), Деваштич Убайдӣ, Сорбон Сулаймонов (ҳарду дар вазни 71 кг) ва дигарон дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад дар Ҷоми ҷаҳонии самбо 150 варзишгар аз 15 кишвар (Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Гурҷистон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Руминия, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Юнон ширкат мекунанд.

Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Мусобиқа аввалин бор аз рӯи дараҷаҳои нави байналмилалии вазнҳо сурат мегирад. Қаблан мусобиқот аз рӯи 9 вазн баргузор мешуд. Ҳамакнун ду вазн ихтисор гардид ва сабқати мардон дар ҳафт вазн - 58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг – доир мешавад. Сабқати занон низ дар ҳафт вазн - 50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг - барпо мегардад.

Сабқати байналмилалии "Ёдбуди Анатолий Харлампиев", ки аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон - Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.

То кунун паҳлавонони тоҷик дар ин Ҷоми ҷаҳонии самбо чаҳор медали тилло ба даст овардаанд: Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015 ва 2021).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.