Даҳ намояндаи Тоҷикистон дар Мусобиқаи интихобии Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ иштирок мекунанд, ки аз 9 то 11 апрел дар Қазоқистон доир мегардад.

Дар ин мусобиқа охирин роҳхатҳо аз қитъаи Осиё ба Бозиҳои Олимпиадаи Токио бурд мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аксарияти варзишгарони маъруфу пурқуввати Осиё, бахусус аз Эрон, Қазоқистон, Корея, Чин ва Ҳиндустон дар мусобиқаҳои пешин роҳхатҳои Олимпиадаро соҳиб шуданд.

Аз кишварҳои ҳамсоя Қазоқистон 8 роҳхат ба Олимпиада, Ӯзбекистон - 3 ва Қирғизистон - 2 роҳхат гирифтаанд.

Ҳузур надоштани гӯштингирони пурқуввати Осиё дар ин мусобиқаи интихобӣ барои намояндагони Тоҷикистон имкони хубест баҳри дарёфти роҳхатҳои олимпӣ ба Токио.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро гӯштингирони зерин намояндагӣ мекунанд:

Муҳаммад Икромов (57 кг),

Ҷамшед Шарифов (65 кг),

Ғуломҷон Шарифов (74 кг),

Баҳодур Қодиров (86 кг),

Искандари Рустам (125 кг) дар гӯштини тарзи озод,

Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг),

Шероз Очилов (67 кг),

Ҳабиб Зуҳуров (77 кг),

Суҳроб Абдулхаев (87 кг),

Мирзоамин Сафаров (97 кг) дар «классика».

Миёни намояндагони Тоҷикистон Искандари Рустам аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, ҳам дар гӯштини юнониву румӣ ва ҳам дар гӯштини тарзи озод чандин маротиба ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон ноил гардидааст ва иштирокчии Бозиҳои XXX  соли 2012 дар Лондон мебошад.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми мусобиқаҳои интихобӣ Алмато Чемпионати Осиё оид ба навҳои гӯштинро қабул мекунад, ки ҳамин варзишгарон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.