Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 тими “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб намуда, ба ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиб шуд. Тӯбҳои ба дарвозаи ҳариф задаи Ҳусейн Доган ва Алишер Ҷалилов пирӯзии дастаро таъмин карданд.

Легионери голландии “Истиқлол” Ҳусейн Доган дар дақиқаи 56-уми бозӣ ҳисобро кушода, пас аз чор дақиқа капитани душанбегиҳо Алишер Ҷалилов боз як тӯби дигарро ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. То охири бозӣ ин ҳисоб дигар тағйир наёфт.

Ҳусейн Догани 27-сола, ки ин вохӯрӣ барояш аввалин бозии расмӣ дар ҳайати дастаи “Истиқлол” буд, бозингари беҳтарини вохӯрӣ эътироф гардид. Ба ӯ 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Сурат: ФФТ

Бозии 12-ум барои дарёфти ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи шанбе, 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид. Дар он 5500 нафар тамошобинон ҳузур доштанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Алишер Ҷалилов дар маросими гирифтани Ҷом
Сурат: ФФТ

Истиқлол бори 10-ум ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб мешавад. Қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020 низ “Истиқлол” ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.