Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид.

Тавре Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 13 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин оғоз шуд, ки варзишгари тоҷик Далер Ризозода ҷои дуюмро сазовор шуд.

Гуфта мешавад, ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал нерӯ санҷад.

“Ду варзишгари дигарамон – Асламҷон Азизов дар вазни 55кг ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87кг ҷои панҷумро гирифтанд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Имрӯз – 14 апрел – қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбад, ки варзишгарони мо низ иштирок мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки Далер Ризозода соли 2019 медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавононро сазовор гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.