Дар бозии оғози мавсими нави футзал дорандаи Ҷоми миллӣ - дастаи “Соро компания”-и Душанбе қаҳрамони амалкунандаи кишвар - “Сипар”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда, ба Суперҷоми Тоҷикистон-2021 соҳиб шуд.

Вохӯрӣ барои дарёфти Супеҷоми футзали Тоҷикистон-2021 рӯзи 5 июн дар маҷмааи “Қасри Варзиш” дар Хуҷанд баргузор шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Тӯбҳоро аз дастаи “Соро компания” Фирӯз Сангов ва Муҳсин Муҳаммадӣ мутаносибан дар дақиқаҳои 35 ва 37-ум ба ҳадаф расониданд.

fft.tj

Гуфта мешавад, капитани дастаи душанбегиҳо Фирӯз Сангов беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.