Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни ҷудокори тоҷик (+100кг) ҳам ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар тонамояш расман хабар додааст.
Аз ин пештар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дода буд, ки Комроншоҳ Устопириён ҳам роҳхати олимпиро ба даст овардааст. Аммо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин хабари пешакӣ аст ва мунтазири расман таъйид шудани ин хабарҳо бояд шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (ФҶТ) ду паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов ҳам шонси калони ба даст овардини роҳхатро доранд. Аз миёни паҳлавонони риштаи ҷудои тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ шонси хеле зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар вазни -73 кг дорад. Ӯ ҳоло дар мақоми 15-уми имётиздорони олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо қарор дорад.
Акнун Темур чаҳорумин панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхати ин бозиҳоро ба даст оварданд. Аз ин пеш Комроншоҳ Устопириён, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби роҳхат шуда буданд.
Темур Раҳимов дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2021, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон аз 6 то 13-уми июн сурат гирифт бо ду пирӯзӣ дар мақоми 7 қарор гирифт. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки ӯ мавқеъашро дар радабандии имётиздорони олимпӣ (IJF.org) беҳтар кунад ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад. Вале радабандии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо то кунун нашр нашудааст ва қарор аст 28-уми июн расман нашр шавад. "Зимнан, пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон-2021, раддабандӣ иваз ва мавқеъияти Темур боз ҳам беҳтар хоҳад шуд",-навиштааст ФҶТ.
Темур ҳоло бо 3009 имтиёз дар мақоми 21-уми ин радабандӣ қарор дорад.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста