Сомон Маҳмадбеков паҳлавони маъруфи риштаи ҷудои тоҷик ва Акмал Муродов дигар паҳлавони ҷудокор роҳхатҳои олимпии Бозиҳои Токиои-2020-ро ба даст оварданд. Акнун шумораи ширкаткунандагони варзишгарони тоҷик дар олимпиада ба 7 нафар расид, ки 4 нафари онҳо дар риштаи ҷудо мебошанд.

Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо такя ба радабандии нави Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.

Дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо касби 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудокорони тими Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии ҷудокорони олимпии ҳамин вазн қарор дорад.

Ҳамзамон дар вазни мазкур Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои дуюми рӯхати ҷудокорони тоҷик ва дар мақоми 25-уми радабандии олимпии ҷудокорони ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст.

Акмал Муродов (-81кг) бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо 2944 ва  Темур Раҳимов (+100кг) бо 3241 имтиёз садринишиини радабандии вазнҳои худ миёни ҷудокорони тоҷик мебошанд.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабзи» ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд ба Бозиҳои олимпӣ мераванд.

Федератсияи ҷудои Тоҷик

Ҳамчунин бар асоси қоидаҳои ҷорӣ аз ҳар вазн аз як кишвар, танҳо як паҳлавон ҳуқуқи дарёфти роҳхатро дорад, ки нисбат ба ҳамватанони дигараш имтиёзи бештар дорад.

Аз ин рӯ, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд Беҳрӯзи Хоҷазода дар «минтақаи сабз» қарор дорад, вале ба далели нисбат ба Сомон Маҳмадбеков камтар доштани имтиёз натавонист роҳхати Бозҳиҳои олимпиро ба даст биорад.

Ба ҳамин тартиб Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов роҳхатро мустақиман ба даст оварданд ва Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ (Осиё) ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Дар назар аст, ки Федератсияи ҷаҳонии ҷудо рӯзи 28-уми июн ҳамаи варзишгаронеро, ки роҳхати олимпиро ба даст овардаанд, расман эълон мекунад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Ба ҷуз варзишгарони риштаи ҷудо Тоҷикистонро ҳамчунин муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) низ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.