Тибқи натиҷаҳои қуръапартоӣ аввалин рақибони боксиён ва ҷудокорони тоҷик дар Олимпиадаи Токио муайян шуданд.

25 июл боксчӣ Баҳодур Усмонов дар вазни дараҷаи то 63 кг бо Леонел де Лос Сантос аз Ҷумҳурии Доминикан рақобат мекунад.

Ҳамин рӯз дар вазни то 81 кг Шаббос Неъматуллоев бо варзишгари Чин Даксианг Чен муштзанӣ мекунад.

Рақиби якуми Сиёвуш Зуҳуров дар вазни дараҷаи зиёда аз 91 кг Мурод Алиеви озарбойҷонитабор аз Фаронса мешавад. Ин қувваозмоии 1/8 финалӣ рӯзи 29 июл баргузор мешавад.

26 июл ҷудокор Сомон Маҳмадбеков (73 кг) бо Аҳмад Аликай (мунтахаби олимпии паноҳандагон) рақобат мекунад. Ғолиби ин ҷуфт дар даври 1/32 финалӣ бо ҷудокор аз Гамбия Нжие Файе қувва меозмояд. Агар Маҳмадбеков ин рақибонро мағлуб кунад, дар даври 1/16 финалӣ ӯро ғолиби ҷуфти Рустам Оружев (Озарбойҷон) - Мусо Могушков (Русия) интизор аст.

27 июл Акмал Муродов (81 кг) дар даври якум бо Ҷоштер Эндрю (Гуам) рақобат карда, дар сурати ғолибият  дар даври 1/31 финалӣ бо варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили вомехӯрад.

28 июл Комроншоҳи Устопириён (90 кг) дар даври 1/32 финалӣ бо Аксел Клерже аз Фаронса қувва меозмояд.

30 июл Темур Раҳимов (+100 кг) дар даври 1/32 финалӣ бо варзишгари Куба Анди Гранд рақобат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.