Дар маҷмааи Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ - гуштингирӣ баргузор шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медалҳои нуқра, 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Дар 4 вазн аз 6-то медалҳои тилло ва автомашинаҳо насиби гуштингирони тоҷик шуд - Хайрандеш Муродзода (60 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (70 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг) ва Темур Раҳимов (+90 кг).

Сурат: КМО ҶТ

Дар вазни то 80 кило байни мардон намояндаи Ӯзбекистон Умар Бозоров ва дар взани 65 кило миёни занон ҷоизаи асосиро Камила Бобурова аз Русия ба даст оварданд.

Ҳақдод Гулов (60 кг), Муллораҷаб Халифаев (70 кг), Ҳамроз Раҷабов (80 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг, ҳама Тоҷикистон), Бекмурод Олтибоев (+90 кг, Ӯзбекистон), Шаҳида Қаландарова (занон, 65 кг, Тоҷикистон) ба дарёфти медалҳои нуқраи мусобиқа шарафёб гардиданд.

Сурат: КМО ҶТ

Ба дарёфти медалҳои бириниҷии мусобиқа варзишгарони зерин ноил гардиданд:  вазни 60 кг - Сорбон Латифов (Тоҷикистон) ва Барим Муҳаммадӣ (Эрон); вазни 70 кг - Аҳмад Масъуд (Тоҷикистон) ва Дилшод Ҷӯраев (Ӯзбекистон); вазни 80 кг - Муҳаммад Абдуҷалилов ва Ҳайдар Саидакбарзода (ҳар ду – Тоҷикистон); вазни 90 кг – Георгий Попунашвили (Гурҷистон) ва  Ҷонибек Козоков (Ӯзбекистонн); вазни + 90 кг – Шарифҷон Назриев (Тооҷикистон) ва Иброхим Шаҳриёр (Эрон); Ҷонона Назарова (занон, 65 кг, Тоҷикистон) и Жанара Кашкин (занон, 65 кг, Қазоқистон).

Сурат: КМО ҶТ

Ҳамчунин ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро ба даст овард, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ – гуштингирӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал моҳи июни имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.