Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку (Grand Slam Baku-2021) дар вазни +100 кг  сазовори медали нуқра шуд. Ин мусобиқа рӯзҳои 5-7 ноябр доир гардид.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Темур Раҳимов рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразил ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба карда, дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гардид.

Гуфта мешавад, дар ин вазн медалҳои биринҷиро Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбоҷон ва Тсетсентсенгел Одхуу аз Муғулистон гирифтанд.

Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, барои зинаи дуюм Темур Раҳимов дар ҳаҷми 3 ҳазор евро мукофотпулӣ ҳам мегирад. Дар ин мусобиқа барои зинаи аввал 5 ҳазор ва зинаи сеюм - 1,5 ҳазор евро мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Дар мусобиқа 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд: Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Хушвақт Идиев, Ҳақназар Назаров (-81кг), Амирҷони Насимҷон, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг).

Зикр мегардад, ки Муҳаммадраҳим Сарахонов ҷои ҳафтумро ишғол карда,  дигар варзишгарони Тоҷикистон дар рақоабти аввалашон аз ҳарифон мағлуб шуданд.

Боз як зодаи Тоҷикистон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ин мусобиқа аз Русия намояндагӣ кард. Дар вазни 73 кг ӯ ҷудокори Ҷопон Кен Ойоширо мағлуб намуда, зинаи аввалро ишғол кард.

Аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ Тоҷикистон дар зинаи 14-ум қарор гирифт. Зинаҳои аввалро мутаносибан намояндагони Ҷопон, Русия ва Олмон касб карданд.

Қобили зикр аст, ки Темур Раҳимов бори нахуст дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии Grand Slam ба дарёфти медали нуқра ноил гардид. Имсол ӯ дар 8 мусобиқаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ дар Токио ширкат варзид. Медали нуқра дар мусобиқаи Baku Grand Slam-2021 дастоварди беҳтарини паҳлавони тоҷик аст.  То ин мусобиқа Темур Раҳимов бо касби 2737 имтиёз дар вазни +100 дар зинаи 11-уми радабандии байнулмилалии ҷудо қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.