Леонил Месси футболбози маъруфи собиқи бошгоҳи Барселона ва муҳоҷими кунунии аргентинии бошгоҳи Порис Сент-Жермен (ПСЖ) барои ҳафтумин бор баранди ҷоизаи Тӯби тиллоӣ шуд ва унвони беҳтарин футболбози солро ба даст овард. Ин ҷоизаро ҳамасола маҷалаи "Франс Футбол"-и Фаронса барои беҳтарин бозигари сайёра эҳдо мекунад.
Месси аз миёни панҷгонае, ки барои соҳиби ин тӯб шудан рақобат мекарданд, баранда шуд, ки бозигарони маъруфе чун Левандовский, Муҳаммад Салоҳ, Карим Бензема ва Ҷорҷиниё шомили ин панҷгона буданд.
Барандаи ин ҷоизаро хабарнигорони варзишии кишварҳои мухталиф интихоб мекунанд.
Леонил Месси, ки имсол аз бошгоҳи Барселона ба ПСЖ пайваст тавонистааст, ки дар 40 дидор барои ин ду тим тавонистааст, ки 32 гол ва 14 паси головар бизанад.
Ҳамчунин Месси тавонист, ки дар соли 2021 дар ҳайати тими милии кишвара дар рақобатҳои қоравӣ баранда шавад.
Месси бо ба даст овардани тӯби ҳафтуми тиллоӣ дар таърихи футбол рекорди нав гузошт. Пештар аз ин Месси дар солҳои 2009, 2010, 2011,2012,2015 ва 2019 барандаи ин ҷоиза шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста