Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон, ки дар Беларус доир гардид, варзишгарони Тоҷикистон 16 медал ба даст оварда, зинаи 3-юми умумидаставиро ишғол намуданд.

Бо сабаби пандемия ин чемпионат дар Минск дар шароити маҳдудияти зиёд гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар мусобиқа зиёда аз 450 варзишгар аз 36 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи миллии таэквондо ITF ва кикбоксинги ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро 11 варзишгари наврас намояндагӣ карданд.

“Мунтахаби Тоҷикистон дар яке аз мусобиқаҳои муҳими мавсими имсола - Чемпионати ҷаҳон-2021 ба натиҷаи қаноатбахш ноил гардид. Хурсандиовар аст, ки даста 3 медали тилло ба даст оварда, се нафар дар даста ба унвони қаҳрамонҳои нави ҷаҳон шарафёб гардиданд”, - гуфт раиси Федератсия Мирсаид Яҳёев.

Аз рӯи натиҷаҳои чемпионат Шоҳзода Тоҷибоева дар барномаи «личный туль» (шахсӣ), Фотима Бегмуродова ва Муминҷон Нуров дар спарринг соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Дар барномаи «личный туль» Сабрина Оқилова ва Муминҷон Нуров, инчунин дастаи духтарони ҷумҳурӣ дар “тулҳо” ва техникаи махсус медалҳои нуқра гирифтанд.

Дар барномаҳои “туль» ва спарринг Севинҷ Қосимова ва Азиз Тоҷибоев, Амир Мадалиев, Назмия Осаққолова ва дастаи духтарон ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар техникаи махсус Фотима Бегмуродова ва дар барномаи худдифоӣ низ дастаи духтарон натиҷаи сеюми мусобиқаро нишон доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.