Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 декабр дар Душанбе маротибаи чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров ноибони президети Кумита интихоб шуда, Муҳаммадшо Абдуллозода ба сифати котиби генералӣ боқӣ монд.

Екатерина Измайлова, Шоҳида Қаландарова, Абдулло Маҳмадализода, Ҳусейнҷон Саидов ва Нигина Хайруллоева ба ҳайати кумитаи иҷроияи КМО шомил шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ҳисоботи Кумита  дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.

Зикр шуд, ки дар ин давра 28 варзишгар аз дастгирии молиявии олимпӣ - Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278 ҳазору 800 долларри ИМА-ро ташкил дод.

Вобаста ба иштирок ва дастовардҳои варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ зикр шуд, ки дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ), дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.