Имсол ба 32 варзишгар Ҷоизаи президенти Тоҷикистон барои пирӯзӣ ва бурдани ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2021 дода мешавал. Маблағи имсолаи ҷоиза 450 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. Дар соли 2020 ҳамагӣ 4 нафар соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

Раҳмонзода гуфт, пандемияи COVID-19 шумори варзишгарони гирандаи ҷоизаи ҳамасолаи сарвари давлатро ба таври назаррас кам кард, зеро онҳо дар ин асл дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ камтар ширкат карданд.

- Тибқи низомнома варзишгарони мо дар намудҳои варзиши олимпиву ғайриолимпӣ бо шарту шароитҳои муайян бояд ширкат кунанд ва сазовори ҷоизаҳо шаванд. Варзишгар замоне соҳиби ҷоизаи президент мешавад, ки дар чорабиние, ки на камтар аз 60 кишвар ширкат карда бошанд ё дар намуди олимпие, ки дар он 10 кишвар шаркат доштанд, ҳунарнамоӣ кунад. Бинобар сабаби он ки соли гузашта чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳдудиятҳо баргузор шуд, ҳамагӣ 4 нафар бо ҷоизаи президент  сазовор шуданд, -гуфт Раҳмонзода.

Имсол Акмалиддин Каримов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Хушқадам Хусравов ва чанд тани дигар аз довталабони эҳтимолии ин ҷоиза гуфта мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ва миқдори маблағ аз теъдоди иштирокчӣ ва намуди варзиш вобаста аст.

Дар низомномаи ҷоизаи президент, ки ба варзишгарон тақдим мегардад, чор намуди мусобиқа ба назар гирифта мешавад: барои ҷои якум дар бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, чемпионати ҷаҳон аз намудҳои олимпӣ 250 ҳазор сомонӣ, бозиҳои Осиё 150 ҳазор сомонӣ ва чемпионати Осиё 75 ҳазор сомонӣ. Барои ҷойи дуввум ва сеюм ҷоизаи пулии ҳаҷмаш нисбатан камтар дода мешавад

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 42 варзишгар аз рӯи 10 навъи варзиш ба ҷоизаи президент соҳиб шуда буданд. Соли 2018 69 нафар ҷоизаи президентро гирифтанд.

Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарин соли 2015 таъсис дода шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.