Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байнулмилалии “Кубок развития” (Ҷоми рушд) дар шаҳри Мински Беларус зинаи 4-умро ишғол намуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охирини вохӯриҳо футболбозони ҷавони тоҷик бо тими мунтахаби Беларус (U-17) барои дарёфти ҷойи сеюм бозӣ карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

fft.tj

Дар ҳамин ҳол, ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Масрур Ғафуров бо 6 тӯби задааш нишонзани беҳтарини ин мусобиқа дониста шуд.

fft.tj

Гуфта мешавад, мунтахаби Исроил (U-17) дар бозии финалӣ бо ҳисоби 3:2 бар тими Беларус (U-16) дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ -2:2 анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони Исроил комёб шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.