Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баргузории Мусобиқаи байнулмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Душанбе байни мардон ва занон 2 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Тавре ки дар торнамои расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, ин мусобиқа аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” дар Душанбе баргузор мешавад.

“Мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ гузаронида мешавад”, - омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, 3-юмин мусобиқаи байнулмилалии “Гӯштингирӣ” барои дарёфти Ҷоми Душанбе дар шаш вазн - 60 кг, 65 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг ва +90 кг доир мегардад.

Дар мусобиқаи 2-юми соли пешин намояндагони 13 кишвар - Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзида буданд.

Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳои мусобиқа ба сифати ҷоиза ба автомашинаҳо соҳиб шуда буданд. Варзишгарони зинаҳои дуюму сеюмро ишғолнамуда мутаносибан ба 3 ҳазор ва 1,5 ҳазор мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.