Мисли соли пешин қаҳрамони футболи Тоҷикистон - тими “Истиқлол”-и Душанбе барои баргузории бозиҳои даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар минтақаи Ғарб ба Арабистони Саудӣ меравад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 “Истиқлол” дар гуруҳи “А” бо дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Райян” (Қатар) ва ғолиби вохӯрии “Шарҷа” (АМА) - “Ал-Завраа” (Ироқ) рақобат мекунад.

Ҳамаи бозиҳои даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар минтақаи Ғарб аз 7 то 27 апрел дар Арабистони Саудӣ - шаҳрҳои Ар-Риёз (гуруҳҳои “А” ва “В”), Ҷидда (гуруҳи “С”), Бурайда (гуруҳи “D”) ва Даммам (гуруҳи “Е”) баргузор мешаванд.

Мувофиқи регламенти мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гуруҳӣ ғолибони 10 гуруҳ (5 даста дар минтақаи “Шарқ” ва 5 даста - дар минтақаи “Ғарб”) ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Аз дастаҳое, ки зинаи дуюмро ишғол мекунанд, аз 10 даста 6 тим (3-дастагӣ аз ҳар минтақа) ба даври минбаъда роҳхат мегиранд.

Дар сурати ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтан, дастаи “Истиқлол” бозиҳояшро 3 ё 4 феврал баргузор мекунад.

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022:

Минтақаи Ғарб

Гуруҳи “А”: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби бозии ҷуфти «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.