Қаҳрамони футболи Тоҷикистон - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 низ ба шикаст дучор шуда, имкони роҳ ёфтанро ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа аз даст дод.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи чор бозии марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро “Истиқлол” бохт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии даври чоруми гуруҳи “А” футболбозони тоҷик дар бозӣ бо тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуданд.

Гуфта мешавад, бар асоси натоиҷи чаҳор даври мусобиқа «Ал-Ҳилол» дар гурӯҳи «А» бо 12 имтиёз садрнишин аст.  «Ал-Райян» (7 имтиёз) дар зинаи дуюм ва «Шарҷа» (4 имтиёз) дар мақоми дуюм қарор доранд. «Истиқлол» то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст.

Зикр мегардад, ки дастпарварони Виталий Левченко дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бо дастаҳои «Ал-Райян» (23 апрел) ва «Шарҷа» (27 апрел) бозӣ мекунанд.

1/2

Ҷадвали бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

23 апрел (шанбе)

«Ал-Райян» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Шарҷа» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 6-ум

27 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шарҷжа» (АМА)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Райян» (Қатар)

Қобили зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гуруҳи “А” дар Арабистони Саудӣ ҷараён доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.