Ду паҳлавони ҷудокори тоҷик дар Almaty Asian Junior Cup 2022 ё Ҷоми наврасону ҷавонони ҷудои Алмато ба гирифтани як медилаи тилло ва як биринҷӣ сарфароз шуданд. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои кишвар хабар медиҳад.
Абубакр Шеров дар вазни -66 кг ба гирифтани медали тилло ва мақоми аввали ин мусобиқот даст ёфт.
Абубакр Шеров (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюму сеюм варзишгаронии мизбон Бекзод Каиргалиев ва Куралбек Саталиевро шикаст дод. Дар марҳалаи чорякниҳоӣ Абубакр дар муқобили паҳлавони Узбекистон Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифта ва бар пирӯз шуд. Дар ниманиҳоӣ боз Нурдавлат Базиржании мизбонро аз сари роҳ дур кард дар марҳалаи ниҳоӣ Азизбек Ортиқови узбекистониро мағлуб кард ва пирӯзи сабқат шуд.
Паҳлавони дигари тоҷик, Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) дар даври якум Динассил Таттимбеки қазоқро шикаст дод, аммо дар марҳалаи чорякниҳоӣ аз ҷудокори Узбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хӯрд. Сипас, дар даври тасаллобахш ва сабқат барои дарёфти ҷойи сеюм ду паҳлавони мизбон, Темирлан Кайролда ва Габдулманап Ерассилро мағлуб кард.

Ин мусобиқот аз 12 то 15-уми май дар Алматои Қазоиқистон баргузор шуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот дар миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66кг) намояндагӣ карданд, ки ҳеч кадоме аз ин ҳо ба гирифтани медал муяссар нашуд.
Дар сабқати ҷавонони ин мусобиқот аз Тоҷикистон 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66кг), Ҳоҷибек Мухторов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81кг), Муҳсин Малаев (-90кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) майдондорӣ карданд.
Дар ин Ҷоми ҷудои Осиё 473 варзишгар аз 6 давлат ширкат кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста