Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар аз рафтани духтарони ҷавон аз соҳаи варзиш изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, маҳз менталитети мардум омили аслии ин раванд аст.
Ӯ, ки имрӯз, 29 июл дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, афзуд, мутаассифона, аксарияти духтароне, ки дар мактаб ва толорҳои варзишӣ тамрин мекунанд, на фақат баъди шавҳар кардан, балки бисёриҳо баъди хатми синфи 11 аз ширкат дар чорабиниҳои варзишӣ даст мекашанд.
- Вақте ба мактабҳои варзишӣ меравем, мебинем, ки шумораи духтарҳои синни аз 13 то 17-солае, ки ба варзиш машғуланд, бамаротиб камтар аст. Яъне падару модарон духтаронашонро дар он марҳалае ба мактаб ва толорҳои варзишӣ медиҳанд, ки онҳо нисбатан хурданд. Вақте, ба балоғат мерасанд, бо назардошти он ки гӯё духтар бояд ба марҳалаи дигари ҳаёташ, ба мисли шавҳаркунӣ, хондан омодагӣ бинад, фарзандони худро мегиранд, - нигаронӣ кард ӯ.
Номбурда ҳамчунин, афзуд, дар баробари ин ҳастанд нафароне, ки то ба охир духтарони худро ба варзиш ҷалб мекунанд ва ҳастанд, онҳое, ки баъди шавҳар кардан низ ба варзиш машғуланд.
Абдуллозода гуфт, онҳо дар самти ҷалби духтарони ҷавон ва ё занон ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ корҳои муайянеро ба сомон расондаанд, ки мисоли ин ширкати занону духтарони зиёде дар машқҳои пагоҳӣ аст.
- Мо дар ин чаҳорчӯба нақшаҳои муайян ва мушаххаси ҷалби духтарони ҷавон ва занон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дорем. Аз ҷумла, байни кормандони корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо мусобиқаи волейбол доир мекунем, - гуфт Абдуллозода.
Номбурда иттилоъ дод, ки имрӯз, аз 102 ҳазор варзишгаре, ки дар мактабҳо ва толорҳои варзишӣ машқ мекунанд, 14 ҳазору 357 нафари онҳоро зану духтар ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба солҳои пеш аз 2 то 4 фоиз зиёд аст.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар гуфт, кумита айни ҳол, дар доираи се барнома - Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, “Барномаи давлатии рушди иҷтимоии ҷавонон” ва “Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ӯ афзуд, ду барномаи дигар, - “Барномаи рушди волонтёрӣ дар Тоҷикистон” ва “Барномаи тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон барои марҳилаи солҳои минбаъда” дар омӯзиши ҳукумати кишвар қарор дорад ва баъди қабул шудан мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста