Дар мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасони то 16-сола барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Тоҷикистон варзишгарони 7 давлат мубориза хоҳанд бурд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, дар баробари варзишгарони тоҷик, дар мусобиқаи XII байналмилалии намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон ва Шветсия иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, мусобиқа аз 1 то 6 август баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.
Хотиррасон мекунем, ки давоми сол ин нахустин чорабинии байналмилалии теннис набуда, моҳи апрели соли равон мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон таҳти унвони «Dushanbe Cup» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он беш аз 120 варзишгар аз 15 кишвар иштирок карданд.
Ҳамчунин, моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе ду мусобиқаи теннис миёни ҷавонони то 18-сола – “Tajikistan Open” ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон барпо гардид.
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста