Муштзани касбии тоҷик Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 29 октябр барои дарёфти унвони қаҳрамон тибқи фарзияи (версияи) Федератсияи байнулмилалии бокс (IBF) дар вазни миёнаи сабуки дуюм (то 59 кг) бо намояндаи Британияи Кабир Ҷозеф Кордина қувваозмоӣ мекунад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати промоутерии RCC Boxing Promotions-и Урал хабар медиҳад. Муштзани тоҷик бо ин ширкат қарордод дорад.

Ёдрас мекунем, ки Раҳимов дар ин вазн барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF рӯзи 13 сентябри соли 2021 рақобат карда буд. Он вақт ҳарифи ӯ Ҷозеф Диаси амрикоӣ камарбандро аз даст дода, аз 12 раунди қувваозмоӣ мусовӣ натиҷагирӣ шуд. Ба ин тариқ, камарбанд ба ҳеҷ кас насиб нашуд.

Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар мусобиқаҳои бокси касбӣ Раҳимов 17 қувваозмоӣ гузаронида, дар 16-тоаш ғолиб омадааст.

Шавкатҷон Раҳимов 14 августи соли 1994 дар Қӯрғонеппа (феълан - Бохтар) таваллуд шудааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Се карат қаҳрамони Тоҷикитсон, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байнулмилалӣ мебошад.

Айни замон дар шаҳри Екатеринбург иқомат дошта, аз як ширкати промоутерии Русия дар бокси касбӣ намояндагӣ мекунад.

Рақиби ӯ Ҷозеф Кордина соли 1991 дар Уэлс таваллуд шудааст. Кордина 15 қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳамааш пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар 9 қувваозмоӣ ӯ рақибашро ба нокаут фиристодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.