Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дод. Дар ин бора «Sport in Tajikistan» дар шабакаи «В контакте» хабар интишор намуд.
Пеш аз баромадан ба октагон (толор) варзишгари мағлубнашуда аз Тоҷикистон Нурулло Алиев (6-0) дар саҳифаи худ дар Инстаграм ба ғалабаи худ изҳори итминон карда, аз ҳаводоронаш даъват кард, ки барои Тоҷикистон мухлисӣ кунанд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷик дар ташкилоти UFC шуд.
«Вестник ММА» хабар дод, ки пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дейна Уайт суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст, ки дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд.
Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2021 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА - First Round Management қарордод баст.
Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар якчанд мусобиқаҳои дохилӣ қувваозмоӣ кард. Қувваозмоии охирини худро ӯ моҳи сентябри соли гузашта доир намуда, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд.
Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Уқоби Тоҷик” то имрӯз 6 бурд дошта, ягон бохт надорад.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста