Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозигарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,10 млн евро арзёбӣ кард. Моҳи сентябри соли гузашта футболбозони даста 5,85 млн евро ва соли 2020 - ҳудуди 3 млн евро нарх доштанд.

Портали Transfermarkt.dе арзиши тахминии бозигарони мунтахабҳои футболро эълон кард. Ҳисоб бо назардошти нархи ҳар кадоме аз бозигарон дар бозори интиқол (фурӯш, трансфер) анҷом дода шудааст.

Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки дар тими ЦСКА-1948-и Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад.

Нархи бозигари 28-солаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 750 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Дастпарвари “Рубин”-и Қазон (Тотористон, Русия) мебошад.

Дар зинаи дуюм нимҳимоятгари марказӣ Эҳсони Панҷшанбеи 23-сола қарор дорад, ки айни замон дар тими “Зоб Оҳан”-и Эрон бозӣ мекунад. Transfermarkt.de ӯро 700 ҳазор евро нархгузорӣ кардааст.

Ба сафи футболбозони гарон инчунин инҳо шомиланд:  

Зоир Ҷӯрабоев, ҳимоятгар (Сурхон, Ӯзбекистон) - 500 ҳазор евро

Рустам Ятимов, дарвозабон (Истиқлол, Тоҷикистон) - 400 ҳазор евро

Комрон Турсунов, ҳамлагар (ТРАУ, Ҳиндустон) - 325 ҳазор евро

Ваҳдат Ханнонов, ҳимоятгар (Персеполис, Эрон) - 325 ҳазор евро

Шаҳром Самиев, ҳамлагар (Ислоч, Беларус) - 300 ҳазор евро

Нуриддин Ҳамроқулов, ҳамлагар (Хатлон, Тоҷикистон) - 300 ҳазор евро

Рустам Соиров, ҳамлагар (Левадия, Эстония) - 300 ҳазор евро

Амирбек Ҷӯрабоев, нимҳимоятгар (Юнайтед Сити, Филиппин) - 250 ҳазор евро

Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгар (Истиқлол, Тоҷикистон)  - 250 ҳазор евро

Манучеҳр Сафаров, ҳимоятгар (Локомотив, Ӯзбекистон) - 200 ҳазор евро.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.