Бахтиёр Раҳимов, ноиби президенти Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг, ки аз 2-юм то 5-уми ноябр дар шаҳри Орландои Амрико баргузор гардид, соҳиби як медали тилло ва як нуқра гардид.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод менависад, ки Бахтиёр Раҳимов ягона намоянда аз Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг буд.
“Бахтиёр дар сабқати пауэрлифтинг сазовори медали тилло ва дар сабқати рост истода бардоштани вазн медали нуқра гирифт”, - навиштааст Кумитаи миллии олимпӣ.
Аз соли 2008 инҷониб чанд сол аст, ки Тоҷикистон ба Паралимпиада шумораи ками варзишгаронро мефиристад, ки аксаран як нафаранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо медал нагирифтааст.
Дар Бозиҳои XV Паралимпии Рио-2016 низ Тоҷикистонро як варзишгар - Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндагӣ карда буд, вале бемедал баргашт.
Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин Тоҷикистонро ду варзишгар дар мусобиқаи пауэрлифтинг - Зайтуна Розиқова (48 кг) ва Хайрулло Абдураҳимов (67,5 кг) намояндагӣ карданд. Он замон Зайтуна зинаи нуҳумро ишғол намуда, Абдураҳимов бинобар сабаби солиматиаш рақобат карда натавонист.
Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон майдонҳои варзишие нестанд, ки барои маълулон шароити хуби тамрин дошта бошанд. Дар натиҷа, чунин варзишгарон дар марказҳои варзишии пулакӣ, ё майдонҳои маҳдуди мавҷуда машқ мекунанд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста