Гурӯҳи “G”
Камерун 3:3 Сербия
Дар даври дувуми Ҷоми ҷаҳонии футбол бозии тимҳои миллии Сербия ва Камерун хеле шавқовару сергол ҷараён гирифт. Камеруниҳо ҳисобро боз карда бошанд ҳам, пайи ҳам се гол ба дарвозаи худ сар доданд. Дар ниҳоят, футболбозони Камерун тавонистанд иродаи қавии худро ба намоиш гузошта, ду гол зананд ва бозиро мусовӣ - 3:3 намоянд.

Ҳамин тавр, мунтахабҳои Сербия ва Камерун якимтиёзӣ ба даст оварданд.
Бразилия 1:0 Швейтсария
Дар бозии дигар ин гуруҳ Бразилия бо Швейтсария рақобат намуд. Нимаи аввали ин дидор бидуни гол ба анҷом расид. Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 64-ум, ҳамлагар Винисиус Ҷуниор гол зад, аммо ба далели дар ҳолати берун аз бозӣ қарор доштанаш гол лағв шуд.
Дар дақиқаи 83-юм нимҳимоятгари бразилӣ Каземиро ҳисобро боз кард ва ин гол барои бразилиягиҳо 3 холро тақдим намуд.
Бо ин тартиб, дастаи Бразилия бо 6 имтиёз садрнишини гуруҳ гардид. Швейтсария бо се хол дар ҷойи дуюм, Камерун ва Сербия бо як холӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ Бразилия бо Камерун ва Швейтсария бо Сербия бозӣ хоҳанд кард. Ҳарду бозӣ 2-юми декабр баргузор мешаванд.
Гурӯҳи “H”
Гана 3:2 Кореяи Ҷанубӣ
Бозии даври 2-юми мусобиқоти гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар миёни дастаҳои Гана ва Кореяи Ҷанубӣ зебову пургол ҷараён гирифт. Дар қисми аввали бозӣ Муҳаммад Салису ва Муҳаммад Қудус ду гол ба дарвозаи Кореяи Ҷанубӣ заданд. Дар нимаи дуюм ба ҳамлагари Кореяи ҷанубӣ Чо Кю Сун муяссар шуд, ки дар давоми се дақиқа дубл карда, ҳисобро баробар кунад. Дар дақиқаи 68-ум бозигари Гана Муҳаммад Қудус голи дуюми худро зад ва африқоиёнро боз пешсаф кард.

Португалия 2:0 Уругвай
Дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 мунтахаби Португалия бо тими миллии Уругвай вохӯрд. Бозӣ зери назорати португалиҳо оғоз гардид ва ҳар ду даста дар оғоз эҳтиёткорона бозӣ менамуданд. Ҳамин буд, ки қисми аввали бозӣ бидуни гол ба поён расид. Дар қисми дуюми бозӣ Бруно Фернандес, дар дақиқаи 54-ум ба дарвозаи Уругвай гол зад ва Португалияро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 91-ум бошад боз ҳам Бруно Фернандес аз ҷаримаи 11-метра голи дуюмро ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тавр, дар ин гуруҳ дастаи мунтахаби Португалия шаш имтиёз ба даст оварда, пеш аз мӯҳлат ба плей-офф роҳ ёфт. Дастаи Гана соҳиби 3 имтиёз аст ва Уругвай бо Кореяи Ҷанубӣ як холӣ доранд.
Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 2022 барои имрӯз, 29-уми ноябр
20:00. Нидерланд - Қатар
20:00. Эквадор - Сенегал
00:00. Уэлс - Англия
00:00. Эрон - ИМА
Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста