Панҷ варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншшоти пӯшида-2023, ки аз 10 то 12 феврал дар шаҳри Остона (Қазоқистон) доир мегардад, иштирок мекунанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар чемпионат Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода намояндагӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора аз рӯи 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.

Гуфта мешавад, ин 10-ум Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида буда, чорабинӣ бояд 11-13 феврали соли гузашта доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.

Зикр мегардад, ки дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионатҳои пешини Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида, ки шурӯъ аз соли 2004 баргузор мешаванд, мунтахаби Тоҷикистон ҳоло ягон ҷоиза ба даст наовардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.