Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз Расул Боқиев, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Пекин нишони биринҷӣ ба даст оварда буд, даъват намудааст ба Тоҷикистон баргардад, аммо варзишгар посух додааст, ки дар Русия боқӣ мемонад.
Дар ин хусус Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш имрӯз, 10-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Мо ба Расул Боқиев муроҷиат карда, гуфтем, баргардед, мо шароит фароҳам меорем, аммо Расул Боқиев гуфт, не, ман ин ҷо - дар Русия шароит сохтам ва ин ҷо мемонам”, - гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Бояд гуфт, ки Расул Боқиев яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик аст, ки ғайр аз нишони биринҷии бозиҳои олимпӣ, инчунин нишонҳои тиллову биринҷии ҷоми ҷаҳон ва Осиёро соҳиб шудааст.
Чанд муддати охир ӯ дар Русия зиндагӣ ва тамрин менамояд.
Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода ҷалби Юсуф Абдусаломов, гуштингири дигари тоҷик ва соҳиби нишони нуқраи бозиҳои олимпии Пекинро шарҳ дода, гуфтааст, ки ӯ се варзишгарро ба бозиҳои олимпии Париж омода мекунад.
“Юсуф Абдусаломовро даъват кардем ва ҳама шарту шароиташро пазируфтем. Созишнома баста шуд ва ӯ минбаъд се варзишгарро ба бозиҳои олимпии Париж омода мекунад, аммо ба дастаи мунтахаб машғул намешавад”, - гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста