Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, футболбозони тоҷик дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуд. Абӯбакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба задани гол даст ёфтанд.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.

Сурат: fft.tj

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ду бозигари тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтанд. Сарвони мунтахаби наврасони мо Абубакр Сулаймонов беҳтарин бозигари «Ҷоми рушд-2023» ва ҳамлагар Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол нишонзани беҳтарин эътироф гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар бозии панҷуми худ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия аз бошгоҳи «Вишиста Краков»-и Лаҳистон (Полша) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Қаблан футболбозони ҷавони тоҷик бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз бошгоҳи «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) мағлуб гардиданд. То анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия онҳо боз як дидори дӯстона баргузор мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.