Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобати худро дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” бо пирӯзӣ бар Рафаэл Алвеси бразилиягӣ анҷом дод.
Мусобиқаи мазкур шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардид.
Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.
Рақобат пурра зери назорати Нурулло Алиев ҷараён гирифт. Ҳарчанд дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст, аммо Нурулло новобаста ба кам кардани як имтиёз, дилпурона мубориза бурд.
Нурулло Алиев ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ пурқувват буду ҳам аз ҷиҳати маҳорат. Ҳамин тавр, муҳориба бо бартарии Нурулло ҷараён гирифт ва дар ниҳоят ӯ бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).

Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.
Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Серверҳои бузург ва нахи оптикӣ. Барои беҳтар намудани сифати Интернет чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста