Дастаи футболи КМВА (ЦСКА)-и пойтахт зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бори нахуст дар таърихи фаъолияти худ ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ноил гардид.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, бозии финалӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардида, КМВА бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи КМВА ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба барандаи медали нуқра «Регар-ТадАЗ» 30 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медалҳои биринҷӣ «Равшан»-и Кӯлоб 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

1/7

Зикр мегардад, ки Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм тими “Равшан”-и Кӯлоб дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:4 (вақти асосӣ - 0:0) бар дастаи “Панҷшер” дастболо шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.