Дар Таиланд рӯзи 30-юми март маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад.

Дар гуруҳҳои дигар тимҳои Таиланд, Яман, Малайзия, Лаос, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар, Ҷопон, Ҳиндустон, Ветнам ва Ӯзбекистон рақобат мекунанд.

Сурат: ФФТ

Нахуст пешбинӣ гардида буд, ки ин мусобиқаро Чин қабул мекунад, лекин бо сабаби пандемияи коронавирус ин кишвар аз баргузории он даст кашид.

Зикр мешавад, ки пас аз натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд доир мегардад, чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.

Айни замон кишвари мизбони чемпионати ҷаҳон Перу номбар мешавад. Аммо аз ҳозир дар ФИФА масъалаи имкон доштан ё надоштани ин кишвар дар мавриди баргузории мусобиқа баҳс меравад.

Тасмими ФИФА-ро интизор шудан лозим меояд. Баргузории Чемпионати ҷаҳон U-17 дар охири тирамоҳ муқаррар шудааст: 10 ноябр - 2 декабри соли 2023.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17):  

Гурӯҳи «А»: Таиланд, Яман, Малайзия, Лаос.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон, Қатар.

Гурӯҳи «С»: ТОҶИКИСТОН, Австралия, Арабистони Саудӣ, Чин.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ҳиндустон, Ветнам, Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.