Размикори ММА, қаҳрамони UFC Ислом Махачев меҳмони фахрии мусобиқаи Гра-прии ҷудои Душанбе-2023 шуд. Ӯ бо даъвати роҳбари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба Тоҷикистон омад.

Тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, размикори Русия аллакай фурсат ёфт, ки дар канори шаҳри Душанбе аспдавонӣ карда, шабона дар шаҳри Душанбе сайругашт кунад ва аз меҳмоннавозии тоҷикон лаззат барад.

Ислом Махачев размикори Русия дар муҳорибаҳои омехтаи ҷангӣ аз Доғистон мебошад. Ӯ зери сарпарастии UFC дар вазни сабук ҳунарнамоӣ мекунад. Қаҳрамони амалкунандаи UFC дар вазни сабук аст.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи Гра-прии ҷудои Душанбе-2023 имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардида, то 4 июн давом мекунад.

Рӯзи аввали мусобиқа имрӯз шурӯъ шуда, 12 варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд.

Варзишгарон дар вазнҳои то 60 ва 66 кг байни мардон ва то 48, 52 ва 57 кг миёни занон қувваозмоӣ мекунанд.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад:

- Ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);

- Ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);

- Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Ган-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, холҳои гирифтаи варзишгарон ба рейтинг дохил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.