Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи касбии RCC Boxing Promotions дар Екатеринбург пирӯз шуд.
Шоми бокси касбӣ дар Екатеринбург бисёре аз варзишгарони маъруфи кишварҳои пасошӯравиро гирдиҳам овард.
Баҳодур Усмонов ба силсилаи ғалабаҳои худ идома дода, дар ин мусобиқа бо намояндаи Русия Артём Пугач рақобат кард. Онҳо дар ҳашт раунд дар вазни то 61,2 кг қувваозмоӣ карданд.
Рақобат аз оғоз бо бартарияти Баҳодур сурат гирифта, лекин дар раунди панҷум ӯ нокдаун гирифт. Дар раундҳои боқимонда ӯ худро ба даст гирифта, то охири рақобат нисбат ба ҳариф бартарият дошт.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҳашт раунд ҳамаи доварон ғолибиятро ба Баҳодур Усмонов сазовор донистанд. Баҳодур то ҳол муштзани мағлубношуда боқӣ мемонад.