Чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон рӯзи 4 октябр дар Португалия оғоз мегардад.
Тавре ки Федератсияи миллии ҷудо хабар медиҳад, мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд:
Фазлиддин Садриддинзода (-66 кг);
Абӯбакр Шеров (-73 кг);
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг);
Муҳамадҷон Абдуҷалилов (-81 кг);
Сайфидин Сайфидинзода (-81 кг);
Сомон Кишваров (-90 кг);
Умедҷон Раҷабов (-90 кг);
Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг);
Иброҳимҷон Элмуродов (+100 кг).
Гуфта мешавад, чемпионат аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивелаши Португалия баргузор мешавад.
Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон Тоҷикистон ба дарёфти ду медали тилло ва ду биринҷӣ ноил гардидааст.
Соли 2017 дар Загреб Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни то 100 кг ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб шуданд.
Соли 2019 дар Марокаш Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.
Соли 2022 дар ҳамин дараҷаи вазн Нуралӣ Эмомалӣ комёбии Сомонро такрор карда, медали дуюми тиллоро барои дастаи Тоҷикистон соҳиб шуд.