Пагоҳ, 16-уми ноябр, соати 18:00, тими миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Урдун дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии мазкур дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол 2026 баргузор мешавад. Ин нахустин бозӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G мебошад.
Дар ин рақобат дастаи мунтахаби Тоҷикстон бо либоси сафед ва тими Урдун бо либоси сурх вориди майдон мешаванд.
Гуфта мешавад, ки то имрӯз беш аз 10 ҳазор чиптаи ин бозиро мухлисон харидорӣ намудаанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисон хостааст, чипатаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрас кунанд. Нархи он аз 20 сомонӣ сар мешавад.

Бояд гуфт, дар гуруҳи G-и марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 якҷо бо Тоҷикистон ва Урдун, ҳамчунин тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Покистон рақобат хоҳанд кард.
Бозии навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Покистон 21-уми ноябр дар шаҳри Исломобод баргузор мешавад.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста