Фурӯши чипта барои бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ оғоз шуд: нархи он аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, фурӯши чиптаҳо дар назди даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 27-уми ноябр, ба роҳ монда шуд.
“Чиптаҳои ин бозӣ дар се категория пешкаш карда мешаванд. Нархи чипта барои категорияи якум минбари асосӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Чиптаи VIP (барои меҳмонони хос) 3000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст”, - менависад ФФТ.
Бояд гуфт, ки нархи чипта ба бозиҳои дигаре, ки то ин замон дастаи “Истиқлол” дар доираи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор кардааст, 20 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Талошҳои мо барои гирифтани назари масъулин дар мавриди нархи гарони чиптаи ин бозӣ бенатиҷа анҷомид ва ба тамосҳои мо дар бошгоҳи “Истиқлол” касе ҷавоб надод.
Аммо ба эҳтимоли зиёд нархи гарони чипта барои бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” ба ташрифи ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду бастагӣ дорад. Ӯ сардори дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023-2024 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00 аст.
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста