Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври чаҳорякфиналӣ футболбозони тоҷик бо ғолиби ҷуфти Ироқ - Урдун рақобат мекунанд.

Бозӣ бо тими АМА дар вақти асосӣ мусовӣ - анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм пас аз партоби Зоир Ҷӯрабоев Ваҳдат Ханнонов боз кард. Дар дақиқаи 90+5 ба футболбозони араб муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Дар ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ низ ҳисоб бетағйир боқӣ монд. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра (пеналти) футболбозони мо ҳамаи 5 зарбаи аввалро ба дарвоза ворид намуда, дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ятимов 1 зарбаи футболбозони арабро баргардонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол роҳ ёфта, дар ин марҳила бо ғолиби ҷуфти 1/8 финалии Ироқ - Урдун бозӣ мекунад. Вохӯрӣ рӯзи 2 феврал баргузор мешавад.
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста